Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани озмоишгоҳи радиоэкологӣ ва мониторинги муҳити зист дар назди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд
Рӯзи 1 августи соли 2026 дар шаҳри Бӯстон озмоишгоҳи радиоэкологӣ ва мониторинги муҳити зист дар назди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ расман мавриди истифода қарор дода шуд. Ин лоиҳа тибқи дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон (соли 2022) бо мақсади таъмини бехатарии радиатсионӣ ва назорати партовҳои радиоактивӣ дар вилояти Суғд оғоз гардид. Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосир ва назорати сайёр муҷаҳҳаз буда, самтҳои асосии он: гузаронидани мониторинги радиатсионӣ, таҳлили намунаҳои об, хок ва ҳаво, ҳамчунин арзёбии вазъи экологӣ дар атрофи маҳфузгоҳҳои урандор мебошанд. Ин ташаббус ба иҷрои Консепсияи миллии солимгардонии маҳфузгоҳҳо ва пешгирии таҳдидҳои радиатсионӣ равона шудааст.
1 августи соли 2026, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон ва директорони институтҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи АМИТ озмоишгоҳи радиоэкологӣ ва мониторинги муҳити зист дар назди Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман мавриди истифода қарор дода шуд.
Озмоишгоҳи мазкур қисми муҳими инфрасохтори илмӣ-таҳқиқотӣ ва танзимкунандаи Филиал буда, барои таъмини бехатарии радиатсионӣ, арзёбии вазъи радиоэкологӣ ва ҳифзи муҳити зист дар шимоли Тоҷикистон хизмат мерасонад.
Бояд қайд намуд, ки зимни ифтитоҳи бинои Филиал, 9 августи соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки мониторинги радиатсионӣ дар вилояти Суғд, махсусан дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ба роҳ монда шавад.
Баҳри амали намудани дастури мазкур бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, озмоишгоҳи радиоэкологӣ ва мониторинги муҳити зист дар назди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд пурра бо таҷҳизоти муосири ченкунии радиатсия, таҳлили радионуклидҳо ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳамчунин, озмоишгоҳҳои сайёр бо мошинҳои махсус барои интиқоли маводу партовҳои радиоактивӣ ва муайян кардани гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ фаъолият мекунанд.
Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ:
- гузаронидани мониторинги радиатсионии муҳити зист дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;
- таҳлили радионуклидии намунаҳои об, хок, ҳаво, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводҳо;
- арзёбии вазъи радиоэкологӣ дар атрофи маҳфузгоҳҳои урандор (аз ҷумла дар шаҳри Истиқлол, Адрасмон ва дигар минтақаҳо);
- ченкунии тавоноии дозаи радиатсионӣ, дозиметрияи инфиродӣ ва назорати ҷойҳои корӣ;
- таҳияи маълумот ва харитаҳои радиоэкологӣ барои ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист;
- дастгирии илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва пешгирии таҳдидҳои радиатсионӣ.
Фаъолияти озмоишгоҳ ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба мониторинги доимӣ дар мавзеъҳои нигаҳдошти партовҳои радиоактивӣ, Консепсияи миллии солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран ва Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» равона гардидааст.
Озмоишгоҳ ҳамчунин барои тайёр кардани кадрҳои ҷавон, гузаронидани семинарҳои илмӣ-амалӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кушодашавии озмоишгоҳи радиоэкологӣ ва мониторинги муҳити зист бо иштироки роҳбарияти олии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими низоми миллии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист барои наслҳои имрӯзу оянда ба ҳисоб меравад.